Дувоздаҳ фарз (12)
Ҳар ки ӯ толиби латифа бувад,
Муқтадояш Абӯ Ҳанифа бувад.
Ӯ дар ислом сӯфию софӣ,
Дар шариат вафию ҳам вофӣ.
Бишнав аз ман баёни мазҳаби ӯ,
З-он ки софитар аст машраби ӯ.
Забт кун ин ду шаш фариза кунун,
Шаш даруни намозу шаш берун.
То намози ту бораво гардад,
Фарзу нафлат ҳама адо гардад.
Он чи берун кунун туро фарз аст,
Арз дорам, ки мӯҷиби арз аст:
Ният асту таҳорату такбир,
Пӯшиши аврату макони таҳир.
Ғами ислом боядат хӯрдан,
Рӯй ҳам сӯи қибла овардан.
Шаши дигар андаруни намоз,
Фарз дону намоз кун ба ниёз.
Он қиёму қироат асту рукӯъ,
Қаъдаи охирину саҷда хузӯъ.
Пас бурун омадан фариза шинос,
Аз намоз, ай мадор ақлу қиёс.
Муаллиф: Чаҳор Китоб (Чоркитоб 4)
Шарҳи худро нависед