ДУХТАРИ ХАЛҚИ ДАЛЕР

2099725

Дар набарди зиндагонӣ духтари халқи далер

Дар Корея муддате ҷангид, охир шуд асир.

 

Дасту по бастанд маҳкам душманонаш бо сутун,

«Ҷанг кун бинем!» — хандиданд дуздони ҷабун.

 

Дигар оҷиз буд дасти духтари халқи шуҷоъ

То кунад моми Ватанро аз бадандешон дифоъ.

 

Лекин аз тири нигоҳи паҳлавони хашмгин

Пора норад гар башар бар вай биандозад назар.

 

Чашми сар шуд баста аммо дидаи сир боз буд,

Диди ӯ дар ҳар тараф чун боз дар парвоз буд.

 

Буд аён бар чашми дил разми бародарҳои ӯ,

Фатҳи халқаш буд аён андар дили бинои ӯ.

 

Ку чунон банде ки барбандад раҳи он дидро,

Он нигоҳи нофизу он рӯҳи пуруммедро!..

 

Бар сутун он шерзан буд бетаконтар аз сутун

То равон шуд аз танаш бо тири душман ҷӯи

 

Лек меҷангид дар хун хуфта ҷисми хастааш,

Чашми оламро кушуд он чашмҳои бастааш.

Хуни ӯ ҳар қатрае барқе шуду парвоз кард,

Парда аз кори ҷаҳонгирони хоин боз кард.

 

Шуд аён бар чашми олам, бо чӣ сон даррандагӣ,

Мекашанд он ҷонварҳо нақша зидди зиндагӣ.

 

Дид равшан, дасти ҷангафрӯзҳо дар ин замон

Мекунад ҳозир чи тақдире барояш да ҷаҳон.

 

Баҳри дафъи ҷанг, эй Шарқи ситамкаш кун қиём,

К-аз қиёмат захми дерини ту ёбад илтиём.

 

Хезу бо халқи ҷаҳон шав ҳамқадам дар роҳи сулҳ,

Ҳар қадам шав сади маҳкам дар раҳи бадхоҳи сулҳ!

1950.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед