ДУХТАРИ РУС (РУСТОӢ)

Нарафтӣ ҷанг мисли духтари рус,
Набастӣ захмҳои аскаронро.
Накардӣ сила бо дастони нармат
Сари аз тир маҷрӯҳи ҷавонро.

Валекин андаруни номаи худ
Фиристодӣ ба ӯ рӯмоли алвон,
Ки дар рӯзи зафар бошад ба дасташ
Ба мисли парчами сурхе парафшон.

Тасалло додӣ, дилбардорӣ додӣ
Варо дар номаҳои маҳрамона.
Варо дар номаи худ бӯса кардӣ
Ба он лабҳои пазмон ғоибона.

Ба ҳангоми дарав шаббош рафтӣ,
Ба хирманҷойҳо бедор хуфтӣ.
Ба мисли гандуми пухта сари хам
Ғаму тимори худ бо кас нагуфтӣ.

Нигоҳи пурхуморат сӯи раҳ буд,
Дилат дар чанги гургон буд аз ғам.
Ҷавон будӣ, вале фасли муҳаббат
Гарон омад, хазон оварду мотам.

Ба хилватгоҳҳои дашту саҳро
Ту мехондӣ: «Ҷавонам ман, ҷавонам…
Илоҳӣ бишканад дасти камонсоз,
Ки аз дасти камон бехонумонам».

Забон меёфт гандумзори хомӯш,
Ба сӯзат ҳамсадо мегашту ҳамдард,
«Фалак аз рашки ҳусни офтобам
Маро аз ёри дилбандам ҷудо кард».

Сарак мечидию медидӣ гоҳе
Сари ёрат чунон афтода дар хок.
Сари кӯҳи баланд истода гоҳо
Варо фарёд мекардӣ зи афлок.

Ҷаҳони ту хамӯшу бенафас буд,
Хамӯшияш чӣ даҳшат дошт, хоҳар!
Ту нашнидӣ садои тиру таркиш,
Вале дардаш туро обу адо кард.

Набастӣ бар миёнат тирдоне,
Нарафтӣ ҷанг мисли духтари рус.
Ту бо худ ҷанг кардӣ, доштӣ пок
Ба аскарбаччаи шайдот номус…

11.5.1966

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед