Духтари зебо
Пеши рухи ту эй санам Каъба суҷуд мекунад
Дар талаби ту осмон ҷома кабуд мекунад
Ҳусни малоику башар ҷилва надошт ин қадар
Акси ту мезанад дар ӯ, ҳусн намуд мекунад
Эй ту фуруғи кавкабам, тира махоҳ чун шабам
Дил ба ҳавои оташат; ин ҳама дуд мекунад
Дар дили бенавои ман, ишқи ту чанг мезанад
Шавқ ба авҷ мерасад, сабр фуруд мекунад
Он ки ба баҳр медиҳад, сабри нишастани абад
Шавқи сиёҳату сафар ҳамраҳи руд мекунад
Дил ба ғаме фурухтам, появу моя сухтам
Шод, зиёд харидае кин ҳама суд мекунад
Атр диҳад ба сухтан, нағма занад ба сохтан
Ваҳ ки дили ягонаам кори ду уд мекунад
Мутриби ишқи ӯ ба ҳар парда ки даст мебарад
Пардасарои “Соя”-ро пур зи суруд мекунад
Муаллиф: Ҳушанги Ибтиҳоҷ
Шарҳи худро нависед