Эй басо шеъри норасо гуфтам

Аз саманди замон пиёда шудам,
Пиру афгору уфтода1 шудам.
Ҷодаи шаҳр буд пур аз ман,
Ин замон бартараф зи ҷода шудам.
Дод, эй дод, чӯҷаи хомак,
Ки ту парвозиву ман ода шудам.
Ҷурми ман нест, ҷурми ин дунёст,
Ки сари хам зи хуми бода шудам.
Аз нажоди бузурги ман ту мапурс,
Бенажоде зи бенажода шудам.
Лодахандии халқи худ дидам,
Бо бузургии хеш лода шудам.
Эй басо шеъри норасо гуфтам,
Баски худ норасид зода шудам.
1995

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед