Эй ишқи ман

Дар дил ҷавони омаду хуш омади эй ишқи ман
Рафт кӯдакиям аз дилам хуш омади эй ишқи ман
Моҳи дурахшон омаду дар шабҳои зиндаги
Истораи зебои ман хуш омади эй ишқи ман
Бо сад ғуруру шикваҳо дар синаи ман омади
Ту холиди ишқи мани хуш омади эй ишқи ман
Шабзиндадори ишқ ман мехонаму чандин ғазал
Шавқи ғазалҳои мани хуш омади эй ишқи ман
Тобанда боши дар дилам нури Худоӣ бар сарам
Ҳам ҷони ман ҷонони ман хуш омади эй ишқи ман
Дар назди он султони ҳақ Масъӯд чаро менолию
Аз даргаҳаш ишқ офарид хуш омади эй ишқи ман

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед