ЭЙ ЗАН

Талх аст ин ҳаёт бари ман, ки нестӣ,
Хун шуд дилам бидуни ту эй зан, ки нестӣ.
Мебинамат ба хоб ки андар канорамӣ,
Во мекунам чу дида дақиқан ки нестӣ,
Ҳурӣ, магар фариштаӣ, дидам ба хокиён,
Яъне шабеҳашон ту тамоман ки нестӣ.
Азбас дили шикастаи худро ба дасти ту,
Додам, ба фикри шиша шикастан ки нестӣ.
Имрӯзҳо ғарибаму дидам ба чашми хеш,
Сахт аст ин фироқ бари ман ки нестӣ.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед