ЁРОН…

Ёрон, маро чӣ гуна тавонед вошинохт,
К-аз авҷи осмони шумо, чун ситорае
Як лаҳза даргирифта сарозер меравам
Аз беканорае ба дигар беканорае.

Он дам ки аз саросари кайҳон парон равам,
Аз ман хати шуои дурахшон нишона аст.
Ҷонам бу ҷуз шарораи ишқу умед нест,
Роҳам ба ҷониби ватани ҷовидона аст.

Ояд садо зи хок: «Ба гардун назар кунед,
Ҳо, як ситора канда шуд аз сақфи осмон.
Ҳайфо, ба хок риштати умре гусаст боз».
Оне ки буд нишони вафо, гашт бенишон.

Ёрон, чӣ ҷои ҳасрати умри шарори ман,
Чун тори сар шаҳомати гардуни тозарӯст.
Он ҷо набошад аз дили сарду сияҳ асар,
Бо нур байни ошиқу маъшуқ гуфтугӯст.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед