ЭЪТИМОДЕРО НАШОЯД
Кас наёбад ҳеҷ чиз аз чор чиз,
Ёд гир аз носеҳ, эй соҳибтамиз.
Нест аввал дӯстӣ андар мулук,
Ин сухан бовар кунад аҳли сулук.
Сифлаеро бо мурувват нангарӣ,
Ҳеҷ бадхӯе наёбад меҳтарӣ.
Ҳар кӣ бо моли касон дорад ҳасад,
Бӯи раҳмат бар димоғаш кай расад.
Он кӣ каззоб аст, мегӯяд дурӯғ,
Нест ӯро дар вафодорӣ фурӯғ.
Муаллиф: Чаҳор Китоб (Чоркитоб 4)
Шарҳи худро нависед