Эй бод, насими ёр дорӣ

Эй бод, насими ёр дорӣ.

3-ои нафҳаи мушкбор дорӣ.

Зинҳор макун дароздастӣ.

Бо гурраи ӯ чӣ кор дорӣ?

Эй гул, ту куҷову рӯии зебош?

Ӯ мушку ту хор бор дорӣ.

Райхон ту куҷову хати сабзаш,

Ӯ тозаву ту ғубор дорӣ.

Наргис ту куҷову чашми масташ,

Ӯ сархушу ту хумор дорӣ.

Эй сарв, ту бо кади баландаш

Дар боғ чӣ эътибор дорӣ?

Эй ақл, ту бо вуҷуди ишқаш

Дар даст чӣ ихтиёр дорӣ?

Рӯзе бирасӣ ба васл, Ҳофиз,

Гар тоқати интизор дорӣ.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед