ЭЙ ОБШОР

Эй обшор!
Духтари гирёни кӯҳсор
Мурдаст ошиқат магар, фарёд мекунӣ?
Мӯят парешу қоматат ларзону хамзада,
З-оғози чашмаҳот магар ёд мекунӣ?
Ё кӯҳро зи дарди худ огоҳ мекунӣ?
Ё ашки кӯҳро ба дили хок мебарӣ?
Гумкардаҳои хешро меҷӯӣ мисли мо,
Ё бар гузашти зиндагӣ афсӯс мехурӣ?
Ҳар санг бар шикоятат овоз медиҳад,
Аз нолаҳои ту дили санг об мешавад.
Аз сангҳо ба сангҳо бархурда ашки ту
Бетобу беқарор чу симоб мешавад.
Доманкашону дилкашол аз қуллаҳои кӯҳ
В-аз чашмаҳо ҷудо шуда, сарзер меравӣ.
Фарзанди кӯҳҳои баландиву оқибат
Сӯи нишеб аз паи тақдир меравӣ.
Эй обшор, ғам махур, он чашмаҳои ноб –
Он чашмаҳои муждарасон ҷовидонаанд.
Сарзер меравӣ, машав аз хеш ноумед,
Он кӯҳҳои пиру ҷавон ҷовидонаанд!
* * *
Эй Табиат!
Рӯзи дафнам
Боз як он зиндаам кун,
То бидонам, дӯстонам дар чӣ ҳоланд,
То бигӯям, дар азои ман наноланд.
Як назар то бинам, аз аъдои ман
Кист дар худ шодмон аз мурдани аъзои ман.
Бингарам, аз душманонам
Кист ҳозир дар сари тобуту мегиряд зи шодӣ
Заҳрханде баҳри ӯ тақдим созам,
В-аз сари тобути худ дураш биронам…
Бори дигар бингарам бар чашми ёрам,
Пас равам осуда бар кунҷи мазорам…
* * *
Он чунон гоҳ меравам аз худ,
Ки замину замон намедонам.
Он қадар гаҳ ба хеш меоям,
К-аз ҳама бехудӣ пушаймонам.
Яктана ҷанг мекунам бо даҳр
Дар ҷаҳони тафаккуру розам.
Мезанам дод, мекунам фарёд,
Бесадо бо тамоми овозам.
Ман хамӯшам, валек метаркам
Ҳамчу санге зи гармии хуршед.
Чун замин гоҳ-гоҳ меҷунбам,
Мекунам сӯи ғофилон таҳдид,
Ки ман он қадр нестам хомӯш,
Ки ман он қадр нестам хунсард,
Гар маро дидаед бемиқдор,
Нестам беҳамияту бедард!
Зиндагӣ – корзори суду зиён,
Ҷанги рӯҳу мазоқу афкор аст.
Дар назар ҷумла зиндаанд, вале
Эй аҷаб, нимкушта бисёр аст.
Бехабар бар набардгоҳи ӯ
Омадам бесилоҳу беиспар.
Будам он қадр пурдилу мағрур,
Будам он сон ҷавони худбовар.
Рӯз аз рӯз лек мебинам,
Ки маро зиндагӣ муназзаҳ кард,
Ки маро бо худам шиносонид,
Аз сиёҳу сафед огаҳ кард.
Булфузуле чу бенишонам хонд,
Шуд намудортар нишонаи ман.
Аблаҳе гар даричаам бишкаст,
Тозатар шуд ҳавои хонаи ман.
Ман дар ин корзори бедовар
Аз касе ҳеҷ гаҳ наметарсам.
Меравам, меравам ба сад оҳанг,
Аз хаму печи раҳ наметарсам.
Аз тунукмоягон надорам бок,
Гарчи сад тири кинаам бирасад,
Ман зи теғи забони худ тарсам,
Ки мабодо ба синаам бирасад.
З-оташи пурзабонаи дили худ
Гаҳ ба ҳоли пареш метарсам.
Ман фақат дар ҷаҳони пурошӯб
Ростиро, зи хеш метарсам…
* * *
Ман ки мурдам, ба рӯи турбати ман
Нутқҳои дароз кам гӯед.
Монда айнак ба чашму аз коғаз
Шарҳи сӯзу гудоз кам гӯед.
Чун бигӯед бо забони дароз
«Дар дили мост зинда ҷовидон…
Мурд Лоиқ, валек ашъораш
Зинда монад, ҳаме забон ба забон…»
Андаке сабр! Нек андешед!
Ки шумо худ дилу забон доред?
Як таҳаммул кунед бекоғаз,
Ки шумо худ магар нишон доред?
Чист бонги баландгӯи гунг,
Чун забони ман аз сухан монад.
Зиндаи ҷовидон? Чи варсоқист!
Он суханҳо кай аз даҳан монад?
Чанбари гул ба рӯи турбати ман
Нӯшдорую марги Суҳроб аст.
Дар дили ман чаман-чаман пажмурд
Чанбаре, ки ҳанӯз шодоб аст.
Аз дурӯғи шумо дилам бигрифт,
Бандаро кушт ваъдаҳои дурӯғ.
Охирин илтимос: дар сари хок
Кам навозед пардаҳои дурӯғ.
Гар бихоҳед розӣ хуспам ман,
В-ар шумо з-одамӣ нишон доред,
Шоироне, ки баъди ман оянд,
Дар сари вақт посашон доред.
Мурдаам ё ки зинда хоҳам буд,
Аз лаби рӯду чашмаҳо пурсед.
Аз ҳама ганҷи синаи кӯҳҳо
Мурдаам ман ва ё шумо, пурсед!
Ман набудам бузургу олитабъ,
Лек чанде ишораҳо кардам.
Нарасидам ба манзили хуршед,
Илтиҷо аз ситораҳо кардам.
Нарасидам агар ба қуллаи кӯҳ,
Пеши ӯ ман суҷуд овардам.
Ахтари нав наёфтам дар шеър,
Дар дилам ҳар чӣ буд, овардам.
Шеър гуфтам на аз барои худам,
То ба қадрам раседу бинвозед.
Шеър гуфтам барои он, ки шумо
Қадри худро дуруст бишносед…
* * *
Дар баҳори сабз мисли рӯи ту
Рӯзи ҷашни шоири машҳур буд,
Ман туро дидам чу шеъри тозае,
Чашмҳои душманонам кӯр буд.
Ман туро дидам, ки мебинӣ маро
Дар миёни он ҳама нодиданӣ.
Ман туро дидам, ки мебахшӣ маро
Он чӣ дорӣ аз ҳама бахшиданӣ…
1987

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед