ЭЙ УҚОБИ ГАРДУНСАЙР!
Эй уқоби гардунсайр, аз чӣ ҷони ту ҳаста-ст,
Ё ки осмон паст аст, ё ки боли ту баста-ст.
Ё ки хоҷаи парвоз ришта баста дар поят,
Бар ҳаво сарат дода нӯги ришта дар даст аст?!
Ин чӣ гуна озодӣ, сарбаландиву шодӣ,
Ин чӣ ҳафт гардуне к-авҷаш аз замин паст аст.
Кай ба марзи бедодӣ руста нахли озодӣ,
Баски ҳар табардасте андар он забардаст аст.
Ҳар ки гӯяд озодам, ман аҷаб аз он дорам,
Чун ба пой завлона ношикаста , вораста-ст.
Мурғ пар занад бояд, сина бар само сояд,
То шиносадаш гардун ҳеҷи ҳеҷ ё ҳаст аст.
Дар само чӣ хоҳад кард раҳрави заминпаймо,
Гар уқоби гардунсайр сархамида, побаста-ст?!
***
Қимати коло баланду ҳиммати воло шикаст,
Дар ҷаҳони пастроён қомати боло шикаст.
Чун фузун шуд эътибори роҳбанд аз раҳкушо,
Мӯътабар шуд санги роҳу пойи раҳпаймо шикаст.
Ҳар касе бар санг зад гар шишаи номусро,
Шишаҳои нанги мо дар олами дилҳо шикаст.
Ёрро ҷоми мае додам, ки дил саршори туст,
Зад ба санги нӯшхандаш, ҳар дуро якҷо шикаст.
Дар ду олам гарди роҳеро наозурдем, лек
Ҳар кӣ чӯбе дошт, аз «ҳиммат» ба фарқи мо шикаст.
Дар масофи даҳр агар бишкаст хоро шишаро ,
Бемасоф ин ҷо вале ҳам шиша, ҳам хоро шикаст.
Иддае гар бори имрӯзаш намеёрад кашид,
Қомати мо зери бори заҳмати фардо шикаст.