Эй зи шарми оразат гул карда хай

Эй зи шарми оразат гул карда хай,

Пурарак пеши ақиқат ҷоми май.

Жола бар лоласт ё бар гул гулоб,

Ё бар оташ об ё бар рӯт хай!

Мешуд аз чашм он камонабрӯву дил,

Аз паяш мерафту гум мекард пай.

Имшаб аз зулфаш нахоҳам дошт даст,

Рав, муаззин, бонг мезан, гӯ, ки ҳай!

Чангро бар дасти мутриб неҳ даме,

Гӯ, рагаш бихрошу бихрӯшаш зи пай!

Уд бар оташ неҳу манқал бисӯз,

Ғам мадор аз шиддати сармои дай.

Бо ту з-ин пас гар фалак хорӣ кунад,

Боз гӯ, дар ҳазрати дорои Рай.

Хусрави офоқбахшиш, к-аз сахо

Номаи Ҳотам зи номаш гашт Тай.

Он, ки баҳри ҷуръае ҷон медиҳад,

Ҷома з-ӯ бистону ҷоме деҳ ба вай.

Дар бани Омир басе Маҷнун шаванд,

Гар бурун ояд дигар Лайлӣ зи ҳай.

Най даме лаб бар лаби мутриб ниҳод,

Чангро дар зери нохун кард най.

Ҷоми май пеш ору чун Ҳофиз махӯр

Ғам,ки Ҷам кай буд ё Ковус кай?

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед