ФАХРИЯ

Асри ман шеъру газалҳои мананд,
На ҳамин шӯру мағалҳои мананд.
Ман агап риндиву мастй кардаам.
Хотири инсонпарастй кардаам…
Ман агар девонагиҳо доштам
Яъне бори дарди дунё доштам.
Дар ҷаҳон бо ҷумла бурду бохтам
Ман ҷаҳони хешро ҳам сохтам.
Баҳри тамйизи баду неки ҷаҳон
Бохтам ҷону дилу умри ҷавон.
Аз лаби дарё нарафтам хушклаб,
Беадаб будам ба мизони адаб.
Дида эй бас гарму сарди ошиқӣ,
Шеърҳо гуфтам зи дарди ошиқӣ.
Он ҳама шеъре, ки аз дил гуфтаам,
Баҳри он шириншамоил гуфтаам.
Ишқи ӯ тӯфонзамирам карду рафт,
Бо ҷавониҳош пирам карду рафт.
Пеши ҷонон чунки ҷон афшондаам,
Қолаби берӯҳу беҷон мондаам.
Гарчи рӯзе аз диёрам мебаранд,
Аз Мазорам бар мазорам мебаранд.
Боз ҳам аз ишқ сӯзад гӯри ман
Чун дили ман, чун дили пуршӯри ман.
То ғамам бар ёди ҷонон мерасад,
Сӯзи ҷонам кай ба поён мерасад?
Баъди мурдан ҳам дилам бебарг нест,
Интихои ман ҳамин як марг нест.
Марг агар қатъи равони ман бувад,
То куҷо қатъи ҷаҳони ман бувад?!
Ибтидои ман — деҳи хурди Мазор,
Интиҳои ман — ҷаҳони беканор!..
21.10.1980

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед