ФАХРИЯ
Асли ман шеъру ғазалҳои мананд,
На ҳамин шӯру мағалҳои мананд.
Ман агар риндиву мастӣ кардаам,
Хотири инсонпарастӣ кардаам…
Ман агар девонагиҳо доштам,
Яъне бори дарди дунё доштам.
Дар ҷаҳон бо ҷумла бурду бохтам
Ман ҷаҳони хешро ҳам сохтам.
Баҳри тамйизи баду неки ҷаҳон
Бохтам ҷону дилу умри ҷавон.
Аз лаби дарё нарафтам хушклаб,
Беадаб будам ба мизони адаб.
Дида эй бас гарму сарди ошиқӣ,
Шеърҳо гуфтам зи дарди ошиқӣ.
Он ҳама шеъре, ки аз дил гуфтаам,
Баҳри он шириншамоил гуфтаам.
Ишқи ӯ тӯфонзамирам карду рафт,
Бо ҷавониҳош пирам карду рафт.
Пеши ҷонон чунки ҷон афшондаам,
Қолаби берӯҳу беҷон мондаам.
Гарчи рӯзе аз диёрам мебаранд,
Аз Мазорам1 бар мазорам мебаранд.
Боз ҳам аз ишқ сӯзад гӯри ман
Чун дили ман, чун дили пуршӯри ман.
То ғамам бар ёди ҷонон мерасад,
Сӯзи ҷонам кай ба поён мерасад?
Баъди мурдан ҳам дилам бебарг нест,
Интиҳои ман ҳамин як марг нест.
1. Мазор – Мазори Шариф, зодгоҳи гӯянда.
Марг агар қатъи равони ман бувад,
То куҷо қатъи ҷаҳони ман бувад?!
Ибтидои ман – деҳи хурди Мазор,
Интиҳои ман – ҷаҳони беканор!..
21.10.1980