Файзи хоки пойи модар

Давоми умри ту бошад ҳар оғозе, ки ман дорам,
Матонат боди ту бахшад ба парвозе, ки ман дорам.
Кашидам бар фалак сар чун ниҳоаею нумӯ кардам,
Зи файзи хоки поят ин сарафрозӣ, ки ман дорам.
Баён кардам шукӯҳу шуҳрати тоҷик дар олам,
Бад — он покиву ширинии овозе, ки ман дорам.
Набошад лафзи шукри ин Ватан гар бар забон доим,
Бибуррам ман забонамро ба он гозе. ки ман дорам.
Намудам кашф асрори ду олам, гашт маълумам,
Ки ҳаст аз сад каромотн ту эъҷозе, ки ман дорам.
Шарики зиндагй бо ман набошад яъсу навмедӣ,
Азеро чун Ватанумрест, дамсозе, ки ман дорам.
Зафармандам ба ҳифзи модару меҳан мудом, азбас
Зи номус асту нанг омода сарбозе, ки ман дорам.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед