Файзи Ваҳдат

Неъмати беҳтарин файзи Ваҳдат бувад,
Офтоби замин файзи Ваҳдат бувад,
Ҳар замон як канори Ватан бештар
Мешавад нозанин, файзи Ваҳдат бувад.
Ҷовидон бошад ин нусрати халки мо,
Давлати халқи мо — Ваҳдати халқи мо!
Халқи моро баҳам оварад беш аз ин,
Бо раҳи дилқаринӣ барад беш аз ин,
Бо вафо, бо сафо дар дилу ҷони мо
Меҳри халқу Ватан парварад беш аз ин.
Ҷовидон бошад ин нусрати халқи мо,
Давлати халқи мо — Ваҳдати халқи мо!
Дар раҳи азм чун ёри Сарвар шудем,
Аз дигар соҳиби тахту минбар шудем,
Соҳиби пар шудем, Соҳиби фар шудем,
Ваҳдатовар шудем, Ваҳдатофар шудем.
Ҷовидон бошад ин нусрати халқи мо,
Давлати халқи мо — Ваҳдати халқи мо!

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед