Фарҳанг

Мулк сангистону мо бесангарем,
Сар ба сар сардору мо бесарварем.
Пунбадаргӯшем мову рахбарон,
ЧУНКИ МО халқони пунбапарварем.
Фахри мо бошад сари боми Ҷаҳон,
Хок бар сармон, ки беОому дарем
Дар чаҳон бошад оатарҳоле фузун,
3-он батарҳо чанду чандон бадтарем.
Сохиби сарчашмаему ташнаем,
Соҳиби ганчинаему абтарем’
Кони фарҳангему ҳангемон намонд,
Фахри гаърихему бепову сарем.
Кова куву кӯраи оҳангариш?
Монда муште нимаҷон сӯзангарем.
Дигаре гирад гиребони фалак,
Мо гиребони худиро медарем.
Дигарон бар ғосибон зӯроваранд,
Мо фақат бар асли худ зӯроварем.
Дар Душанбе — шаҳри бедарвозае
Дар миёни акбарон мо асғарем.
Матни он батни ҳама олудагист,
Пойтахти тоҷикон чун бишмарем?
Дӯстии халкхо’ Нозам туро!
Мизбонему зи меҳмон кеҳтарем.
Дар маҳалбозӣ масал ғардидаем,
Гарчи паиванди каёнӣ гавҳарем.
Аз чунин иллат бимирем оқибат,
Ки ту аз Фархору мо аз Фалғарем
Кас напурсад то куҷо парвози ақл?
«Аз куҷоӣ?» — гуфта аз ҷо мепарем.
Бонувон чодар зи сар афкандаанд,
Лек дар фарҳанг зери чодарем!
Ғозии ҳар ғози пунба будаем,
Пунба шоҳу камтаринаш чокарем
Раҳ наҷуста то дили халқи диёр.
То дили Масков сад раҳ раҳ барем.
Нур не дар хонаи дилҳои халқ,
Гарчи мо як кишвари нурофарем.
Нест дар дил шӯру дар сарҳо шуъур,
Гарчи дар бешӯрй шури маҳшарем.
Дар амал бошад хама лангу качал,
Дар гаюф аз ҳафт гунбад бартарем. 
Дар чаҳи ҷахди мураккаб мондаем,
Содапиндорему содабоварем.
Гар замин пасту баланд аст осмон,
Мо на дар ину на дар он меҳварем.
Тоҷику эрониву афғон чаро?
Мо дар ин дунё ки аз як модарем!
Пеши насронӣ мусалмонем агар,
Аз нигоҳи муслимин мо кофарем.
Ҳамтарози дигарон гар нестем,
Ҳамтарозуи кафи хокистарем.
Рӯзу шаб бедор шамси ховарон,
Мо зи хоболудагони Ховарем.
Ҳазрати Икбол, бар мо бад магир,
Мо агар дар хоби сакта андарем.
«Хез аз хоби гарон» — гуфтӣ, вале’
Дар Самарқанд ончунон беминбарем.
Дар Бухорое, ки даргохи дарист,
Бо даригуфторӣ берун аз дарем
Нест миллатро зи бас якиорагӣ,
Пора-пора луқмаи шӯру шарем
Реза-реза, шарҳа-шарҳа ҷисму ҷон.
Бори миллатро куҷо ҳам мебарем?
Мо тамоман нотамомем, эй дареғ,
Он наҷибулманзари беманзарем.
Кӯрҳои кӯрароҳем, оҳ, оҳ,
Бар сари худ пойлағзиш мехурем.
Мо киёнем? Аз Каёнем? Осафо,
Тоҷдорони гадои афсарем…
7990

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед