ФАРДОИ ЗИНДАГӢ

Аз барқи чашматон пурнур зиндагӣ,
Аз шӯри ишқатон пуршӯр синаҳо.
Озодии ҷаҳон, озодии шумост,
Қадри шумо шикаст қадри хазинаҳо.
Уммеди модарон,
Илҳоми шоирон,
Дар осмони ишқ
Тобанда ахтарон,
Озода духтарон,
Дилдода духтарон.
Аз меҳнати шумо даврон шукуфабор,
Чун нахли арғувон гулрез шуд замон.
Тири нигоҳатон то мерасад ба дил,
Дигар чӣ ҳоҷате бар тиру бар камон?
Уммеди модарон,
Илҳоми шоирон,
Дар осмони умр
Тобанда ахтарон,
Озода духтарон,
Дилдода духтарон.
Аз синаи шумо – сарчашмаи бақо –
Оғоз мешавад дарёи зиндагӣ.
Оғоз мешавад имрӯз аз шумо
Фардои ошиқӣ, фардои зиндагӣ.
Уммеди модарон,
Илҳоми шоирон,
Дар осмони бахт
Тобанда ахтарон,
Озода духтарон,
Дилдода духтарон.
23.3.1983

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед