Фарҳанг

Ҷаҳон гардиш кунад аз рои фарҳанг,
Сарашро афканад дар пои фарҳанг.
Расад аз худкушӣ то худшиносӣ,
Башар аз қудрату маънои фарҳанг.
Зи куфристон барад то кӯи имон,
Хаёлу хуши мо Мавлои фарҳан.
Дуоям бар дари Ҳақ мустаҷоб аст,
Равам гар аз паси фатвои фарҳанг.
Тиҳиаслам, тиҳи мағзам, тиҳидаст,
Надорам гар ба каф имзои фарҳанг.
Вафову ваҳдату эҳсону иқбол,
Шунидам аз лаби гӯёи фарҳанг.
Замонро боб аду некаш пазирам,
Фақат бар ҳурмати фардои фарҳанг,
Намози ишқу имонам бихонам,
Ба рӯи домани зебои фарҳанг,
Ман завқи шукуфтан мешавам пур,
Гулисон чун шавад маъвои фарҳанг.
Ба боғи ташнаи ҷону дили мо,
Бимон, ҷорӣ шавад дарёи фарҳанг.
Ба боғи ташнаи ҷону дили мо,
Бимон, ҷорӣ шавад дарёи фарҳанг,
Дили яктопарастамро ба дунё,
Набошад ёваре ҳамтои фарҳанг.
Сари болову фахри ман аз он аст:
Ки ҳастам миллати дорои фарҳанг.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед