Фарҳанги маърифат

Зи доно бипурсид пас додгар,
Ки фарҳанг беҳтар бувад ё гуҳар?
Чунин дод посух бад –ӯ раҳнамун,
Ки фарҳанг бошад зи гавҳар фузун.
Ки фарҳанг ороиши ҷон бувад.
Зи гавҳар сухан гуфтан осон бувад.

Маёсой зи омухтан як замон,
Зи дониш маяфган дил андар гумон,
Чу гӯӣ, ки кори хирад тӯхтам,
Ҳама ҳар чӣ боястам омӯхтам.
Яке нағз бози кунад рӯзгор,
Ки биншояд – т пеши омӯзгор.

Чунин гуфт донанда деҳқони пир,
Ки дониш бувад мардро дастгир.
Ғаму шодмонӣ бибояд кашид,
Зи ҳар шӯру талхӣ бибояд чашид.
Ҷавонони донандаи богуҳар,
Нагиранд бе озмоши ҳунар.

Падар чу ба фарзанд монад ҷаҳон,
Кунад ошкоро бар –ӯ бар ниҳон.
Гар ӯ бифканад фару номи падар,
Ту бегона хонаш, махонаш писар.

Ту акнун ҳамекӯшу бо дод бош,
Чу дод оварӣ, аз ғам озод бош.
Хирадмандро шоду наздик дор.
Ҷаҳон бар бадандеш торик дор.

Чунин аст расми сарои дурушт,
Гаҳе пӯшт бар зин, гаҳе зин ба пӯшт.
Аз он пас бар он кас кунед офарин,
Ки аз додаш обод бошад замин.

Ба гетӣ беҳ аз ростӣ пеша нест,
Зи каҷҷӣ бадтар хеҷ андеша нест.
Сухан монад аз мо ҳаме ёдгор,

 

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед