Фарҳод

Афлокро гудохт дили сабрпешаам,
Мегирад интиқоми худ аз санг шишаам.
Аз марги ҳамдамон дили кас об мешавад,
Хун мехӯрад ба мотами Фарҳод, тешаам.
Бар хоксор меҳнати дунё чӣ мекунад?
Эмин бувад зи офати айём решаам.
Умрест, Сайидо, зи ҳунар даст шустаам,
Шуд муддате, ки гушанишинист пешаам.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед