Фаришта
Фаришта, эй фаришта, эй фаришта,
Дилам дар сина мекӯбад думушта.
Диламро карда ишқат бесаришта,
Саришга рафта аз дастам чу ришта.
Фаришта, эй фаришта, эй фаришта,
Маро куштӣ ба абрӯи навишта.
Ҳама аз тоқи абрӯ менависанд,
Маро абрӯнависии ту кушта.
Фаришта, эй фаришта, эй фаришта,
Ба ҳар як тори мӯят як фаришта.
Ду рухсорат сафед аз шири модар,
Ки умре хушк аз ҷонат нагашта.
Фаришта, эй фаришта, эй фаришта,
Шудам аз печу тобат ришта-ришта.
Нашуд дар гӯшаи чашми ту гашта,
Нашуд дар сояи зулфи ту шишта.
Фаришта, эй фаришта, эй фаришта,
Нашуд чун байта абрӯят навишта,
Қасам хӯрдам ба шири дафтар аз шеър,
Қасам хӯрдам ба шеъри нонавишта.
Июни 1998, Seattle
Муаллиф: Бозор Собир
Шарҳи худро нависед