Фаромуш карда девору хари худ

Гули ман, шавқи лабҳои ту дорам,
Умед аз чашми шаҳлои ту дорам.
Саропои ту дунёи таманност,
Таманнои саропои ту дорам.
Маро аз гайбати мардум чӣ парвост?
Маро аз туҳмати \ар дун чӣ парвост?
Чу май дар гардиш орам бо азизе,
Маро аз гардиши гардун чи парвост?
Бидон, бе машъали ақли дурахшон,
Бидуни офтоби ақлу ирфон
Агар сад Нораку Роғун бисозй,
Бимонад Тоҷикистон торикистон.
Ҷамоли ту ҷамолн зиндагонист,
Висоли ту висоли зиндагонист.
Заволи давлати ҳуснат мабодо,
Ки баҳри ман заволи зиндагонист.
Аз ин мастию пастиҳо чӣ ҳосил?
Аз ин кӯтохдастихо чӣ ҳосил?
Чу ақлат хому армонҳот хоманд,
Аз ин оташпарасгиҳо чӣ ҳосил?
Худоё, ҳамнишини оқилон кун,
Худоё, ҳамрадифи одилон кун.
Ба қабристон агар рӯзе бихуспам,
Маро ҳамсояи соҳибдилон кун.
Агар даъвои бутсозӣ набошад,
Агар оҳанги худнозӣ набошад.
Ьа манзил мерасем, алҳачтулиллоҳ,
Агар дарди маҳалбозй набошад.
Туӣ буду набудам, миллати ман,
Туӣ самти суҷудам, миллати ман
Суруди умри ман поён пазирад,
Ту мехонй сурудам, миллати ман.
Дили ман, эӣ дили бечораи ман.
Дили (ампарвару гамхораи ман.
Туро сад пора хоҳад кард охир
Ғами ин миллати садпораи ман.
Зи нолидан зи худ болидан авлост,
Зи гирйистан зи худ шӯридан авлост.
Зи ғарқидан ба дарёи сиришкат
Ба дарёи диле ғарқидан авлост.
Чӣ пурсӣ аз дили ғамхораи ман
Ва ё аз мехнати хамвораи ман?
Замни бечора шуд аз ранҷу заҳмат,
Чӣ ҷои як дили бечораи ман?
Ту гуфтӣ: Мо замину осмонем.
Ту г> фтӣ: Соҳиби кавну маконем.
Вале гар мурдагонро ёд н-орем,
Яқин дон мурдатар аз мурдагонем.
Нзмедонем асли нодирн хеш
Намедонем шсъру шоири хеш.
Гаҳе он қддр бефарҳангу кӯрем,
Ки бошем ошкоро му нкири хеш.
Фаромуш карда девору хари худ,
Фаромуш карда номи кишвари худ,
Намедонам чӣ сон як идда бадбахт
Нишинад рӯ ба рӯ бо модари худ.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед