Фарзанди бад доғи Падар
Фарзанд чу шавад душмани ту, хор шави, дӯст,
Бар нобудану мурдани худ, зор шави, дӯст.
Шодӣ макун аз тавлиди лахти ҷигари хеш,
Он рӯз мабод, ки бачаат мор шавад, дӯст!
Бегона туро ранҷ диҳад, дарду алам кам,
Ғам мехӯриву туро паноҳӣ бихӯрад ғам,
Аз ҷигару заҳдони худат, дар бағали меҳр,
Душман бишавад калон, бигӯ: — вой ба ман!
Аз ранҷи замон пухта ва ҳушёр шави, дӯст,
Фарзанд диҳад ранҷ, гирифтор шави, дӯст!
Эҳ вой, мабод соату рӯзе, ки ба дунё,
Аз пушти писар зиндаи дар дор шави, дӯст!
Ҳамсоя туро зулм кунад, кӯч бубанди,
Ё ашк фурӯ бурдаву барқасд биханди.
Ҷигаргӯшаат агар туро зулм намояд,
Дар кундаи сӯзон ту пойбанд ба банди.
Гар ёр туро хор кунад, тарки ӯ сози,
Аз бачаи золим чӣ сон фирор куни, дӯст!?
Шояд ба ақли хеш ту бовар набисози,
Теғе ки мекушад туро, аз устухони туст!