
ФАРЗАНДИ ЗАМИНЕМ
Биё, Ҳофиз, даме бо ҳам нишинем,
Дигар рӯи ҷудоиро набинем.
Диёри Рӯдакӣ аз нав ҷавон шуд,
Биё, аз бӯстонаш гул бичинем,
Ғазалхонию хушгӯӣ писанд аст
Дар ин кишвар, ки бар тоҷаш нигинем.
Биё, бо Маҳ сухан гуему Зӯҳра,
Саодатманд фарзанди Заминем!
Шарҳи худро нависед