Фароизи таяммум
Чор чиз аст дар таяммум фарз,
Медиҳам мар туро бадониш арз.
Нияту қасди хок, ай сарвар,
Хок, аммо чу пок, ай меҳтар,
Пас бизан ҳарду дастро бар хок,
Пас бимолаш ба рӯй, то шави пок.
Пас дигарбора панҷа зан дарҳол,
Ҳар ду соид ба мирфақайн бимол.
Дар таяммум фариза ин чор аст,
Ки туро з-ин чаҳор ночор аст.
Ният ин аст, агар намедонӣ,
Ки намозат мубоҳ гардонӣ.
Муаллиф: Чаҳор Китоб (Чоркитоб 4)
Шарҳи худро нависед