Фасли бесамар омад эй дил эй дили ошиқ

Ошиқӣ ба сар омад, эй дил, эй дили ошиқ!
Хорият ба сар омад, эй дил, эй дили ошиқ!
Гунаи ҷавоният гунаи хазонӣ шуд,
Фасли бесамар омад, эй дил, эй дили ошиқ!
Бе чароғи биноӣ дар ғуруби танҳоӣ
Соя пушти дар омад, эй дил, эй дили ошиқ!
Тарки дилкашолӣ кун, ҷои ишқ холӣ кун!
Навбати дигар омад, эй дил, эй дили ошиқ!
Паҳнаи ҷаҳон гаштӣ, аз сари бутон гаштӣ,
Охирин сафар омад, эй дил, эй дили ошиқ!
Рафтанат зи шӯхй не, рафтане, ки меросист,
Инат аз падар омад, эй дил, эй дили ошиқ!
Аспи чӯбиро зин куч, алвидоъу омин кун,
3-он тараф хабар омад, эй дил, эй дили ошиқ!
Эй дил, эй дили Лоик. аз чӣ ин ғазал гуфтӣ,
Бар ту чӣ хатар омад, эй дил, эй дили ошиқ?
1984

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед