ФАЗИЛАТИ САДАҚА
То амон бошӣ зӣ қаҳри кирдигор,
Садақа мадеҳ дар ниҳону ошкор.
Садқа деҳ ҳар бомдоду ҳар пагоҳ,
То балоҳо аз ту гардонад алло
Ҳар кӣ ӯро хайр одат мешавад
Бегумон умраш зиёдат мешавад
Он кӣ некӣ мекунад дар ҳаққи нос,
Беҳтарини мардумон ӯро шинос.
Он кӣ аз вай ҳаст мардумро зарар,
Дар миёни халқ набвадз-ӯ батар.
Дин надорад ҳар кӣ набвад тарскор,
Нест ақл онро кӣ бошад нобакор
Бо вараъ бош, эй писар, гар мӯминӣ,
Кофирӣ аз қаҳрӣ ҳақ гар эминӣ.
Ҳар киро набвад вараъ, эмонаш нест,
Ҳар киро набвад ҳаё, эҳсонаш нест.
Тавба набвад ҳар киро тавфиқ нест,
Ҳақ набинад ҳақ киро таҳқиқ нест.
Шарҳи худро нависед