ФИРДАВСӢ ВА ТЕМУР
Масти хун бо савлату боди бурут
Чун суи Эронзамин лашкар кашид,
Ланг-лангон Темури бедодгар
Бар мазори поки Фирдавсӣ расид.
Бар сари хоки гиромӣ по фишурд,
Мушти хокеро гирифту бод кард.
Баъд байти зерро бо заҳрханд
Гӯиё аз номи худ бунёд кард:
«Сар аз хок бардору Эрон бубин,
Ба чанги далерони Тӯрон бубин!»
Ногаҳон Фирдавсӣ берун шуд зи гӯр,
Устухонҳо ларз-ларзон аз ғазаб.
Байти зеринро бихонду ғайб зад
Ҳамчу нақши зузанаб дар коми шаб:
«Дар Эрон намондаст шеру паланг,
Ҷаҳонро гирифтаст рӯбоҳи ланг…»
Лол шуд Темур чу санги рӯи гӯр,
Мушкилашро кард осон аскаре:
«Мурдагонаш гар чунин зӯроваранд,
Зиндагонашро чӣ сон зӯр оварӣ!»
Пирмарде гуфт: «Гоҳо, ҳазратам,
Мурдаҳо аз зиндаҳо афзалтаранд.
Фатҳи кӯҳ аз фатҳи рӯҳ осонтар аст,
Мурдаҳо аз зиндаҳо пурдилтаранд…»
1976