Мисраҳо аз Абулқосим Фирдавсӣ

Бар хеш ҳастам чун худ мухолиф
Монанди зоҳир ботин надонам.
Неку бадамро донам, валекин
Ман одами нав будан натонам.

Он сон, ки ҳастам мемонам, аммо
Покӣ бимонад чун пешаи ман.
Зеро ба дунё ман омадам пок,
Бошад гуноҳе нопок рафтан.

Бас ҷабру ситам бувад ба як ҷон,
Бар як сари ман ҳазор дардест.
Худ сабр бидех, худой, бар ман,
Ғамхор чу ту маро дигар нест.
Рафтанд зи давр дӯстонам,
Монданд зи хеш ғуссаву ғам.
Бе ҳамдаму ғамгусор мондам,
…Акнун ба кӣ дарди дил бигӯям?!

— Эй сел, зи чӣ хумрӯшу авҷат?
Ораму қарор деҳ ба мавҷат.
— З – он рӯй манам ба азм ҷорӣ,
То зуд расам ба рӯдборе.

— Эй обаки ҷуй, ҳастӣ бе авҷ,
Ором равонаӣ ту бе мавҷ.
— Аз рӯд ҷудо шудам, ҳазинам,
Бошад, ки варо дубора бинам.

Эй дил, марав ту азман,
Манмо маро мусофир.
Ман бе ту ҷисми беҷон,
Бар ҳар бало муҷовир.

Эй дил, марав ту танҳо,
Бояд шавем бо ҳам.
Рӯзе агар нағунҷем,
Ҳарду равем аз олам.

Эй шеъри ман, акнун баровардӣ забон,
Инқадрҳо дер омадӣ дар саҳни кор?
Аз интизорӣ шоире гардиданам
Давру замон, халқам бишуд зору низор.

Дигар нафас андар макаш,
Сар деҳ бурун овози хеш.
Гард дил наёрад тоби ту,
Фурсат биҷу, метоз пеш.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед