ФИШОНД АЗ САВСАНУ ГУЛ СИМУ ЗАР БОД
Фишон аз савсану гул симу зар бод,
:Зеҳи бод е, ки раҳмат бод бар бод!
Бидод аз нақи Озар сад нишон об,
Намуд аз сеҳри Монӣ асар бод.
Мисоли чашми Одам шуд магар абр,
Далели луфти Эсо шуд магар бод.
Ки дур (р) борид ҳар дам дар чаман абр,
Ки ҷон афзуд хуш-хуш дар шаҷар бод.
Агар девона абр омад, чаро пас
Кунад арза сабӯҳӣ ҷоми зар бод?!
Гули хушбӯй, тарсам, оварад ранг,
Аз инғаммозӣ субҳи пардадар бод.
Баройи чашми ҳар ноаҳл гӯӣ,
Арӯси боғро шуд ҷилвагар бод.
Аҷаб чун субҳ хуштар мебарад хоб,
Чаро афганд гулро дар саҳар бод?
Шарҳи худро нависед