Фош мегӯяму аз гуфтаи худ дилшодам

Фош мегӯяму аз гуфтаи худ дилшодам,

Бандаи ишқаму аз ҳарду ҷаҳон озодам.

Тоири гулшани қудсам, чӣ диҳам шарҳи фироқ,

Ки дар ин домгаҳи ҳодиса чун афтодам?

Ман малак будаму фирдавси барин ҷоям буд,

Одам овард дар ин дайри харобободам.

Сояи тубиву дилҷӯии ҳуру лаби ҳавз,

Ба ҳавои сари кӯи ту бирафт аз ёдам.

Нест бар лавҳи дилам ҷуз алифи қомати ёр,

Чӣ кунам, ҳарфи дигар ёд надод устодам.

Кавкаби бахти маро ҳеҷ мунаҷҷим нашинохт,

Ё раб, аз модари гетӣ ба чӣ толеъ зодам?

То шудам ҳалқабагӯши дари майхонаи ишқ,

Ҳар дам ояд ғаме аз нав ба муборакбодам.

Мехӯрам хуни дилам мардумаки дида, сазост,

Ки чаро дил ба ҷигаргӯшаи мардум додам?

Пок кун чеҳраи Ҳофиз ба сари зулф зи ашк,

В-арна ин сели дамодам бибарад бунёдам.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед