Гӯй хамагон оқилу донишмандем
Боло биталаб. бирав зи худ болотар,
Мавло бошӣ, боз бишав мавлотар.
Гар обшарик ноншарикем, хуш аст,
Номусшарик агар бувем, авлотар!
Фарде чу ба қайди дарду иллат бошад,
Ташхису муояна чӣ заҳмат бошад?
Аммо чӣ тавон кард дар ин фоҷиагоҳ
Бемор агар тамоми миллат бошад?
Ин моми ҷаҳон қобилаи марги ман аст,
Ҳар фасл яқин фосилаи марги ман аст.
Ҳар ҳолаи маҳ ҳоли табоҳам бошад,
Ҳар зилзилае силсилаи марги ман аст.
Бо абри гузар ҳамеша ёд ор маро,
Бо марги шарар ҳамеша ёд ор маро.
3-он пас, ки маро ба хоки тар бигзоранд,
Бо дидаи тар ҳамеша ёд ор маро.
Имрӯз, ки аз бодапарастон бошам,
Дилбохтаи қадаҳбадастон бошам.
Безор зи ҳушёрияму мехоҳам
Дар гӯр ҳам андар бари мастон бошам.
Бар хоки сияҳ задӣ ҳама ваҳми маро
Кардӣ ту адо дили адофаҳми маро.
Ман роҳ намудамат, ту рахзан гаштӣ,
Ман раҳми туро хурдаму ту саҳми маро.
Дидӣ ҳамаоову бебасар хоҳи рафт,
Бас сӯхтаиву бешарар хоҳй рафт,
Дар рӯи замин бод ба даст омацай,
Аз рӯи шмин хок ба сар хоҳй рафт.
Аз дар ба дил малол рафтем, афсӯс,
Бо дарду ғами муҳол рафтем, афсӯс.
Дил бурдаву дил хурдаву хунинҷигарон
Дилмондаву дилкашол рафтем афсӯс.
Онхо, ки гирифтори маю ҷом шуданд,
Коми дили хеш ҷуста. ноком шуданд.
Аз бодаи хом хеҷ кас пухта нашуд,
Аз бодаи хом пухгагон хом шуданд.
Имрӯз забони мо забун афтодаст,
Гулдаста ба дасти марди дун афтодаст.
Сад қарн агар манора то гардун буд,
Жӯлида ба хок сарнагун афтодаст.
Ҳарчанд ки то фалак сар афрохтаем,
Дар рӯи замин бод ба каф тохтаем
Фархангу тамаддуни қадими худро
Нашнохтаем ё ки дарбохтаем.
Андар назарам шеъру сухан мемирад,
Ахди дилу дида бекафан мемирад.
Фарёци ман аз мурдани ину он нест,
Фарёд, ки фардои Ватан мсмирад.
Дардо, аламо, ки хилқатамро куштанд,
Аслам, насабам, ҷибиллатамро кушганд.
Фарёд на з-он, ки мову ту кушга шудем,
Фарёд аз он, ки миллатамро куштанд
Гӯй хамагон оқилу донишмандем,
Некӯ нигарӣ, бекасу бепайвандем.
Мургони хаво ба холи мо мегирянд,
Мо лск ба холи хамдигар механдем.