Гаҳ пешу гоҳ
Дар чорсуи зиндаги,танҳотарин танҳо манам,
Бо дарду гамҳо ҳамшарик овораи дунё манам.
Гаҳ пешу гоҳ пас меравам, ногоҳ зи олам меравам,
Дар зиндагониям ҳаме аз нокасон боло манам.
Чабру ситамҳо дидаам аз ёру дустон бешумор,
Аз Дасти онҳо ин хамон як соҳили дарё манам.
Гуфтам,ки пинҳон мешавам, аз дасти андуҳи ҳамон,
Афсус,чун охи дилам, бар дидаҳо пайдо манам.
Гамхои дунё бар сараи,ранчаш ба як кунчи дилам,
Бо ин ҳама сузу гудоз як фарди бепарво манам.
Дунё бикард бози ҳаме бо ин дили бечораам,
Мағлуб яке Фарзон бишуд, голиб ба ин дунё манам.
Шарҳи худро нависед