Ғам махӯр
Юсуфи гумгашга боз ояд ба Канъон, ғам махӯр
Кулбаи эҳзон шавад рӯзе гулистон, ғам махӯр!
Эй дили ғамдида ҳолат беҳ шавад, дил бад макун,
В-ин сари шӯрида боз ояд ба сомон, ғам махӯр.
Гар баҳори умр бошад, боз бар тахти чаман,
Чатри гул дар сар кашӣ, эй мурғи хушхон, ғам махӯр!
Даври гардун гар ду рӯзе бар муроди мо нарафт,
Доиман яксон намонад ҳоли даврон, ғам махӯр!
Ҳон машав навмед, чун воқиф наӣ аз сирри ғайб,
Бошад андар парда бозиҳои пинҳон, ғам махӯр!
Эй дил, ар сели фано бунёди ҳастӣ барканад,
Чун туро Нӯҳ аст киштибон, зи тӯфон, ғам махӯр!
Дар биёбон гар ба шавқи Каъба хоҳӣ зад қадам,
Сарзанишҳо гар кунад хори муғелон, ғам махӯр!
Гарчи манзил бас хатарнок асту мақсад бас баъид,
Ҳеҷ роҳе нест, к-онро нест поён, ғам махӯр!
Ҳоли мо дар фурқати ҷонону иброми рақиб,
Ҷумла мемонад Худои ҳолгардон, гам махӯр!
Ҳофизо, дар кунҷи фақру хилвати шабҳои тор,
То бувад вирдат дуъову дарс Қуръон, ғам махӯр!
Муаллиф: Ҳофизи Шерозӣ