ГАНҶИ САРМАД

Беҳисоб аст ганҷи кӯҳсорон
Хоки тоҷик мисли ганҷур аст.
Халқи тоҷик пеши халқи ҷаҳон
Бо ҳама ганҷҳош манзур аст.
Ҳар яки мо хазинаи фитрат,
Ҳар яки мо чу кони тиллоем.
Ганҷи зери замин агар санг аст,
Ганҷи рӯи замин худи моем!
17.11.1973

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед