ҒАНИМАТ
Ист, ин лаҳза-ст нотакрор, ёр,
Шоҳиди ҳастии ҳамдигар шавем.
Ту ба ман, ман дар ту ҷо ёбему зуд
Аз барои ҳамдигар раҳбар шавем.
Ист, ин лаҳза-ст нотакрор, ёр,
Ист, то бар ёди худ гирам туро.
Дар қатори ин қадар ташвиши дил,
Бо садоқат низ бипзирам туро.
Ёдгори зиндаи ҳамдигарем –
Қисмат ин сон як саховат кардааст.
Баҳри мо ҳайкал набигзоранд, хайр…
Дил, ки бар дил рафт, кай ояд ба даст?!
Ҳайкали яклаҳзагӣ дорем мо,
Чист фарқи лаҳзаю умри абад?!
Лаҳзае, ки бо ту ман як мешавам,
Беалам, беғусса бошад, мешавад!
13.5.1965
Муаллиф: Лоиқ Шералӣ
Шарҳи худро нависед