Умри ману ту
Гуфтамаш андар ғамат чанд кунам умр тай
Гуфт ки рав сабр кун, сабр кунам то ба кай
Белаъли лабаш кунам, гиря чу мино мудом
Дар ғами руяш кунам нола чу най пай зи пай
По зи раҳи ишқи ӯ май натавонам кашид
То наравад ҷон зи даст, то нашавад умр тай
Манъи ман аз ишқи вай, чунд намояд рақиб
Ӯ кунад ар тарки ман, ман накунам тарки вай
Нест ба ҷуз дуст кам дар ҳама узвам ки ҳаст
Дуст ҳама ҷойи раг, дуст ҳама ҷои пай
Азм кунам борҳо то ки зи дасти ғамаш
По кашам аз мулки Порс ру кунам сӯи Рай
Боз вафо доманам гираду гуяд ки ҳон
“Фурсат” азин раҳ бигард бо ғами ӯ соз ҳай
Мерасад аз пай висол гар бисозӣ ба ҳиҷр
Мешавад охир баҳор сабр куни гар ба дай
Муаллиф: Фурсати Шерозӣ
Шарҳи худро нависед