Гапҳои нағз аз гузаштагон

Чу доно туро душмани ҷон бувад
Беҳ аз дӯстмарде, ки нодон бувад.
Хирадманд бошу беозор бош,
Ҳамеша забонро нигаҳдор бош.

Ниёгони мо номдорон буданд,
Ба даҳр андарун тоҷдорон буданд.
Набардоштанд аз касе саркашӣ,
Ба тезиву тундиву бедонишӣ.

Чунин аст оини чархи баланд,
Гаҳе нозу нӯшу гаҳе дарду банд.
Набудааст гардун ба коми касе,
Зи кирдори ӯ озмудам басе.

Ҳар он гаҳ ки гӯи расидам ба ҷой,
Набояд ба гетӣ маро рахнамоӣ.
Чунон дон, ки нодонтарин кас тӯӣ,
Агар панди донандагон нашнавӣ.

Ҷавонмардиву ростӣ пеша кун,
Ҳама некӯӣ андар андеша кун.
Бибахшу бихӯр то тавонӣ дирам,
Ки ҷуз ин дигар ҷумла дардасту ғам.

Яқин дон, ки коре, ки дорад давом,
Баландӣ пазирад аз он кор ном.
Ту коре, ки дорӣ набурда ба сар,
Чаро даст ёзӣ ба кори дигар.

Ба ранҷ андар ори танатро равост,
Ки худ ранҷ бурдан ба дониш сазост.
Ба ранҷ андар аст, эй хирадманд, ганҷ,
Наёбад касе ганҷ нобурда ранҷ.

Ҳамон ганҷу динору кохии баланд,
Нахоҳад будан мар туро судманд.
Сухан монад аз ту ҳаме ёдгор,
Суханро чунин хормоя мадор.

Маёзор мӯре, ки донакаш аст,
Ки ҷон дораду ҷони ширин хуш аст.
Бикӯшеду хубӣ ба кор оваред,
Чу дидед сармо, баҳор оваред.

Ҳар он кас ки ронад сухан бар газоф,
Бувад бар сари анҷуман марди лоф.
Ба гоҳе, ки танҳо шавад дар нуҳуфт,
Пушаймон шавад з- он суханҳо, ки гуфт.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед