Гар сер надида зиндагиро биравем

Эй кӯҳ, барои санги ту ҷон додем,
Садҳо сари нозанин ба қурбон додем.
Аз баҳри ту, эй замини меросии Шарқ,
Мо умри азизи худ гаравгон додем.
Таърих ба ҷустуҷӯй то раҳ омӯхт,
Сад нахли қаде буриду гулхан афрӯхт.
Дар оташи кӯрдуди соли сиюҳафт
Донед магар, китоби Айнӣ ҳам сӯхт?!
Дарё, дарё! Ту мисли моӣ, дарё!
Бо модари хеш бевафоӣ, дарё!
Худ зодаи чашмаю гурезон аз ӯ,
Худ зодаи кӯҳу з-ӯ ҷудоӣ, дарё!
Ҳар субҳ зи нав ман ба ҷаҳон меоям,
Навошиқу навхату ҷавон меоям.
Ҳар шаб зи ҷаҳон чу одаме даргузарад,
Ман субҳ чу ҷойгири он меоям.
Он қадр шитоб мекунад ин дили ман,
Гӯӣ ки ҳама ҷаҳон бувад маътали ман.
Он қадр чу бод беқарорй дорад,
Гӯӣ ки ба бод меравад ҳосили ман.
Ман боз ба роҳ мебароям имрӯз,
Дарвозаи субҳ мекушоям имрӯз.
Аз баҳри ҳазор соли баъди сари худ
Қутби раҳи умр менамоям имрӯз.
Ҳар кас, ки ба нисбате забардаст шавад,
Аз шуҳрати мо шуҳрати ӯ ҳаст шавад.
Ҳар қадр баландтар барояд хуршед,
Он қадр аз ӯ сояи мо паст шавад.
Маъюс машав, баҳор меояд боз,
Бар шохаи гул ҳазор меояд боз.
Гар умри гузашта бори дигар н-ояд,
3-ӯ ёди висоли ёр меояд боз.
Андар кафи дастам осмон мегунҷад,
Дар синаи ман баҳри дамон мегунҷад.
Аммо зи ҷаҳон сер наям ман, ҳарчанд
Дар косаи чашми ман ҷаҳон мегунҷад.
Донам, ки ҷаҳон номи маро кам ҷӯяд,
Нақши қадамам зи рӯи раҳҳо шӯяд.
Аммо зи қалам қаламчае хоҳам сохт,
То бар сари гӯри ман дарахте рӯяд.
Гар мурдани мо оқибати тақцир аст,
Барбастани рахт аз ин ҷаҳони пир аст.
Гар сер надида зиндагиро, биравем,
Шодем, ки зиндагонӣ аз мо сер аст.
Бас рӯз гузашту рӯзгорам бигузашт,
Бас шом гузашту қадри ёрам бигузашт.
Гуфтам, ки дилам ҳаме ҷавон хоҳад буд,
То мижжа ба ҳам задам, баҳорам бигузашт.
Якчанд дар ин ҷаҳон ҷавон бояд буд,
Як байт суруди ҷовидон бояд буд.
Як умр агар ҷаҳон ҷавонӣ надиҳад,
Як умр ҷавонии ҷаҳон бояд буд.
Девонаву мастиву хуморӣ, эй дил,
Осуда маро намегузорӣ, эй дил.
Кӯбӣ дари синаро чу дасти ёре,
Ё соати умри ман шуморӣ, эй дил!?

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед