Гар туро завқи тапиш дар сина гардидаст кӯр

То ғами талхе нахурдӣ, аз ғами ширин магӯ,
То ғами фардо нахурдӣ, аз ғами дерин магӯ.
Гар туро завқи тапиш дар сина гардидаст кӯр,
Аз сукути бихрадону тоқату тамкин магӯ.
Гоҳ қадҳи ин бигӯӣ, гоҳ мадҳи дигаре,
Эй ки на онӣ, на ин, бисёр ону ин магӯ.
Лӯбиёясту каду мастию ҳушёрии ту,
Завқи мастй гар надорӣ, аз маи рангин магӯ.
Хамбаи буғз асту кина дил даруни синаат,
Бехабар з-одамгарӣ ҳарфе аз ин оин магӯ.
Худ чу урёнӣ, ба чашми ақл бар худ дарнигар,
Ҷомаҳои шгаронро ҷандаи чиркин магӯ…
1982

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед