Гар яккасавори ҳунарй гар шоҳй

Моем паи ҳар касу нокас рафта,
Лз боғи ҷаҳон меваи норас рафта.
Ҷустанд ҳазорсола пешӣ дигарон.
Моем ҳазорсояа вопас рафта.
Имрӯз ки ҳоли мост аз дй батаре,
Аз шаш ҷиҳат ояд ба сари мо хатаре,
Ин ҷо ту магӯй дӯст, ҳам дӯст маҷӯй,
Ин ҷо ту биҷӯй душмани мардтаре…
Ин сӯ нигарам: душмани қаттоле ҳаст,
Он сӯ нигарам: каҷдили баттоле ҳаст,
Боло нигарам: худо хамӯш асту хамӯш,
Пойин нигарам: коми сияҳчоле ҳаст.
Садроҳадилон, маҳалгароем чаро?
Дар фикри маҳал ватанҷудоем чаро?
Жӯлида ба ҷангу моҷароем чаро?
Ин қадр шутуркина чароем, чаро?
Дунёст, ки дӯстии гургу меш аст,
Аз хеш мабол, душманат дар пеш аст.
Эй дӯст, хасе ҳам агарат душман нест,
Як дӯст зиёда кун, ки душман беш аст.
На бо тани гамфасурдаам мемирам,
На бо сари ғуссахурдаам мемирам.
Дар мурдани ман ҳоҷати Азроил нест,
Ман аз ғами ишки мурдаам мемирам.
Ин зиндагию оташу хокистари ӯ
Санҷидаам, эй х ки ҷаҳон бар сари ӯ!
Ӯ аз дари ман гузашту ман аз дари ӯ,
Ӯ аз бари ман гузашту ман аз бари ӯ.
Имсол баҳор бебару бор омад,
Имсол сари сол нагунсор омад.
Бар мотами гул навҳа чаро сар надиҳем,
К-ӯ бо кафани хеш ба гулзор омад.
Ҳастй ҳама ҷову ноаён, ё Аллоҳ,
Дар хонаи хеш ломакон. ё Аллоҳ.
Гар аҳли дурӯғанд туро душман, пас,
Як дӯст надорӣ ба ҷаҳон, ё Аллоҳ.
Аз ҷабри гуноҳи хештан нагрезам,
3-он по, ки фитодаам, зи нав бархезам,
Ҳаргиз набарам ба нокасе рӯи ниёз.
Дастам шиканад, ба гарданам овезам.
Як барги хазон ба чанги боди гузарон
Дар байни замину осмон шуд сарсон.
Ин бозии бод буд, лекин он барг
Мегуфт’ Маро ба шохсорам бирасон!
Хоҳам, ки ба хотири зам»нам бошам,
Дар суҳбати гарми дӯстонам бошам.
Дигар зи ҷаҳон нахоҳам иқбол. агар
Дар пирӣ асои зодагонам бошам.
Инсон ба назар дили мусаффо дорад,
Дар як дили худ ҳазор дунё дорад.
То нест забони ӯ забони дили ӯ,
Ҳар як нигаҳаш дусад муаммо дорад.
Гар яккасавори ҳунарй, гар шоҳй,
Гар аз ҳама асрори ниҳон огоҳӣ,
Дар ганграҳи муносибат бар мардум
То рах надиҳй. ба худ наёбӣ роҳе.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед