Гарам он ёр дар паҳлӯ нишинад
Биё, дил дар табу тоб аст, эй ёр,
Биё, ин лаҳза ноёб аст, эӣ ёр.
Биёю вонамо моҳи рухатро,
Ки имшаб кӯрмаҳтоб аст, эй ёр.
Шабошаб рӯ ба дидори ту орам,
Дили шайдо ба исори ту орам.
Баёзи гарданат дори баланд аст,
Сари худро сари дори ту орам.
Гарам он ёр дар паҳлӯ нишинад,
Ба пешам якдилу якрӯ нишинад,
Ниҳам сар бар сари зонуш, то кош
Сари гӯрам сари зону нишинад.
Ба дастам дасти ёре буд вақте,
Маро бо ёр коре буд вақте.
Забони баргҳои зард гӯяд,
Ки моро ҳам баҳоре буд вақте.
Чу май хурдан тавонем, эй дилафрӯз,
Чаро бояд хурем афсӯсу афсӯс?
Ба ҳоли он касе хоҳам бигирям,
Ки шабро шаб нагуфту рӯзро рӯз.
Ту бо ман комронӣ кардӣ, эй гул,
Ҷавон будй, „ҷавонй кардй, эй гул.
Ҳама тобу ҷилои ҳусни худро
Фидои зиндагонӣ кардӣ, эй гул.
Навои ишқи мо ноҷӯр монад,
Чароғи бахти мо бенур монад.
I {адонистем қадри якдигарро,
Ду дасти мо бурун аз гӯр монад.
Дилам парвардаи ғамҳои ишқ аст,
Нигоҳам оҳуи сақрои ишқ аст,
Вале бо ин ҳама ишқошноӣ
Намедонам кучо маъвои ишқ аст.
Дилам дар байни абрӯи ту монда,
Хаёлам бастаи мӯи ту монда.
Чунон аз худ фаромӯшам, ки гӯӣ
Сарам андар сари кӯи ту монда.
Сарам як лаҳза бесавдо набуда,
Дилам як лаҳза бепарво набуда.
Муродам аз баландиҳои дунё
Ба ғайр аз қомати боло набуда.
Туро ҷустам зи ҳусни навбаҳорон,
Туро ҷустам зи даври рӯзгорон.
Надонистам, ки бошад ёри зебо
Насиби як касу доғи ҳазорон.
Парид аз оташу гум шуд шарора,
Куҷо ҷӯям туро, дилбар, дубора.
Ситора аз фалак афтоду гум шуд,
Фалак аммо намонда беситора.
Ту дасти зарғарй, ман зар надорам,
Ту ақли сарварӣ. ман сар надорам,
Ту ҳусни дилбарй. ман дилшикаста.
Ту майрезию ман соғар надорам.
Дили ман му рғи дастомӯзи ӯ буд,
Шарори синаам аз сӯзи ӯ буд.
Хушиҳое, ки дар дил доштам ман,
Ҳама аз ишқи ҷонафрӯзи ӯ буд.