Гарчи сад захми паёпай хӯрдаӣ аз рӯзгор
Зинда бош, эй дил. ки бо ман созгорастӣ ҳанӯз,
Лолае андар миёни шӯразорастӣ ҳанӯз.
Гарчи сад захми паёпай хӯрдаӣ аз рӯзгор,
Марҳаме бар захмҳои рӯзгорастй ҳанӯз.
Пашмарги корзори умр будӣ солҳо,
Ҳамчунон омодаи сад корзорастӣ ҳанӯз.
Бас баҳоратро хазон кардй, ки бошй бехазон.
Аз хазон ҷӯёи ҳусни сабзи ёрастй ҳанӯз.
Ҳамчу сайёде. ки ояд захмхурда аз шикор
1990
Шарҳи худро нависед