Ғ А З А Л Ҳ О

Ҷонам чӣ хоҳад аз рӯзгорон?
Навбатгузорӣ бо ҳақгузорон.
Бо сӯзи пинҳон ёд оварам ман
Аз ишқи ёрон дар рӯзи борон.
Бо худ ситезам, бехуд ситезам,
Коре надорам бо кинадорон.
Чун тангчашмон дунё наҷӯям,
Қисмат кунам дил бо дилфигорон.
Дар синаи ман ҷӯшад ҳамеша
Сад корзоре бе корзорон.
Одам ғанимат, ҳар дам ғанимат,
Эй ҳамнасибон, эй ҳамҷаворон!
1970

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед