Ғ А З А Л Ҳ О

Диҳед бо ҳама уммед шаҳпари парвоз,
Хаёли ошиқӣ бо турнаҳо қатор кунед!
Чу мавҷ аз лаби соҳил ситонд бӯсаи сард,
Умеди бӯсаи гарм аз лабони ёр кунед!
Чунон шавед ба саҳрои ошиқӣ ташна,
Ки рафъи ташнагӣ аз шеъри обдор кунед!
Чу умри одамӣ ҳам як баҳори даргузар аст,
Баҳор мерасад, эй дӯстон, баҳор кунед!
Ҷавонему хушиҳои ҷавониро намедонем,
Ба ёди зиндагонӣ зиндагониро намедонем.
Ба сад дил ташнагони меҳрубониву навозишҳо,
Вале худ дилбариву меҳрубониро намедонем.
Ба сад ҷон дар танӯри ишқ хомохом месӯзем,
Лаби дарёи дил оташнишониро намедонем.
Дили мо мешавад саркӯби шавқу шӯри бемаҷро,
Ки пеши пои ҷонон ҷонфишониро намедонем.
Аз он рӯзе бигӯяд тарк ҷони мо тани моро,
Ки қадри хубии ёрони ҷониро намедонем…
Ман на онам, ки бувад ҳамқадаҳи бехабарон,
Ман на онам, ки бувад ҳамраҳи бепову сарон.
То дилам ҳаст, биёрам ба бузургон тоат,
То назар ҳаст, равам аз паи соҳибназарон.
Манам он сабзаи аз хоки шаҳидон руста,
Ки диҳам пайк зи сарсабзии пирӯзгарон.
Дасти ман рост шуда ҷои синонҳои куҳан,
Сарам афрохта аз парчами соҳибзафарон.
Қаламам аз чигаси дасти маибон мондаст,
Суханам сабз шуда аз нами хуни падарон.
Кофтам ҳусни дил аз ҳусну ҷамоли дигарон,
Ёфтам авҷу камоле аз камоли дигарон.
Гарчи худ болу пари парвози дуре доштам,
Шеваи парвоз омухтам зи боли дигарон.
Баҳри ман мурданд пирону ҷавонони Ватан,
Умр дидам аз ҳисоби моҳу соли дигарон.
Ман чӣ будам? Мушти гил, нашнохта, нагдохта,
То шудам ҳамболи умри безаволи дигарон.
Ҳолгардонии вақту косагардонии давр
Дидам андар рангбозиҳои ҳоли дигарон.
Чун ҷавобе бар саволе чашм бикшудам, вале
Худ саволи дигарам ман бар саволи дигарон…
Мегудозам, мефурӯзам хешро, то зиндагист,
Метапам баҳри замони худ мисоли дигарон.
Рӯзе равам аз дунё, дунёи маро ёбед,
Дар хок шавам пинҳон, пайдои маро ёбед.
Дар дашту даман рафтам,
дар хоки Ватан рафтам,
Дарёи равон будам, маҷрои маро ёбед.
Дар вазъи замин шеъре, дар вазъи само байте
Гуфтам ба ҳар авзое, авзои маро ёбед.
Беҷою баҷо гуфтам, аз меҳру вафо гуфтам,
Дар маҳфили ҳар ошиқ иншои маро ёбед.
Дар пушти ғубори кӯҳ ё тӯри паранди абр
Борон чу кунад сим-сим, симои маро ёбед.
Дар ҳар варақи шеърам ё ҳар сабақи шеърам
Тақвими дили гарму шайдои маро ёбед.
Фардо ба шумо обод, дунё ба шумо хуш бод,
Фардо, ки набошам ман, фардои маро ёбед!
Дӯстон, то умр бошад, ҳар баҳор ошиқ шавед,
Бо нигоре дар ҷаҳони пурнигор ошиқ шавед.
Пилтаҳои кокули ёре агар бар бод рафт,
Бо ҷамолакҳои мӯи обшор ошиқ шавед.
Гар саре доред сабзу лоиқи дори баланд,
Бо баёзи гардани занҷирадор ошиқ шавед.
Гар диле доред лабрези ҷунуну иштиёқ,
Бо гули рухсораи доимбаҳор ошиқ шавед.
То қароре аз сипеҳри беқарор ояд ба даст,
Бо дили дӯшизагони беқарор ошиқ шавед.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед