Ғ А З А Л Ҳ О
Эй дареғи солҳо чун болҳои рехта,
Ҳайфи он умре, ки мо бар умр бовар доштем.
Эй дареғи навҷавониву ғурури худсарӣ,
Гӯиё манзумаи хуршед дар сар доштем.
Эй дареғи кӯдакии лоуболу бевубол,
Дар бисоти сабзаҳо беғам паропар доштем.
Эй дареғи вассаю болори айвони падар,
Зери болиш ноз бар кайвони ахзар доштем.
Чор бурҷи сандалӣ чун чор бурҷи зиндагӣ,
Кулбаи тангеву дар он шӯри маҳшар доштем.
Дар куҳистон зиндагӣ пур рангу бӯе гар надошт,
Хона пур аз бӯи модар, бӯи хоҳар доштем.
Баччагиро бурд боди хушнасиме ё чунон
Бодбодакҳо, ки бар боли кабутар доштем.
Бар саре, ки ин замон дасти надомат мезанем,
Ёд бодо, як замоне дасти модар доштем.
Нам-нами борон чу ёдат кард, ёдат мекунам,
Барги гул чун бӯи ту овард, ёдат мекунам.
Дарди ишқат мард буду қисматам номард буд,
Ман ба қасди қисмати номард ёдат мекунам.
Ишқи ту дар сурати ашъори дардолуди ман
Мисрае гар дар диле парвард, ёдат мекунам.
Ман агар нозукписандам, аз назокатҳои туст,
Бар сари гул чун нишинад гард, ёдат мекунам.
Гармию сардии дунёро зи ишқат дидаам,
Зери ин гардуни гарму сард ёдат мекунам.
Ҳар куҷое ҳам ки бошӣ, дур аз ман нестӣ,
Бо алам, бо доғи дил, бо дард ёдат мекунам.
Ман аз ту ғофил нестам,
худро зи ман ғофил магир,
Ман ғарқа дар дарёи дил,
худро ту дар соҳил магир.
Ман бо ту ҳам дил доштам,
ҳам роҳу манзил доштам,
Бераҳ машав аз кӯи дил,
бе ман раҳи манзил магир.
Ман кӯдакам дар ишқи ту –
нодони дастомӯхта,
Ту оқилӣ, бо кӯдаке худро чунон оқил магир.
Ишқ аз ғурури давлаташ
сар сӯи гардун мекашад,
Ҳам боз моро мекушад,
домони ин қотил магир.
Аз ошиқи ошуфтадил, аз Лоиқи шӯридаҷон
Гар талху шӯрие гузашт, эй ҷони ман, бар дил магир!
Хонаат ободу дил вайрон чаро?
Мансабат доною худ нодон чаро?
Аз сари минбар ба гардун мепарӣ,
Пушти минбар музтару ҳайрон чаро?
Бо кабирон хандаҳоят равғанӣ,
Бо сағирон ин қадар явғон чаро?
Бебаҳоӣ дар сари маснад вале,
Чун сабукдӯшат кунанд, арзон чаро?
Дар баландиҳо чунин пастигарӣ,
Ошноият ба ошу нон чаро?
Ҳеҷ пурсидӣ зи худ дар хилвате,
Ин ҳама чунин чаро, чунон чаро?
Ҳар замон аз зиндагонӣ бишнавам панди дигар,
Ки дарахти умр дорад решапайванди дигар.
Гар хирадманде пушаймон рафт аз рӯи замин,
Боз дар рӯи замин рӯяд хирадманди дигар.
Халқ бе фарзанди оламгир оламгир нест,
Боз ёбад модари тоҷик фарзанди дигар.
Баски коми тоҷиконро бо сухан бардоштанд,
Боз ояд шоиру шеъру пасованди дигар.
Дар замоне, ки замину осмон ҳам бехудост,
Дар сухан бояд паямбар ё худованди дигар.