Ғ А З А Л Ҳ О

Мадду ҷазри ҳодисот аз синаи ман бигзарад,
Дар лаби дарёи ҳастӣ санги беҷон нестам.
Пои ман бо сангкӯб аз хурдӣ одат кардааст,
Гар зи санги роҳ тарсам, аз куҳистон нестам!
Давлати ман реги заррини Зарафшон бас бувад,
Заррае гар зар биҷӯям, аз Зарафшон нестам!
Гар зи шеъри ман наояд бӯи меҳру эътиқод,
Зодаи дарёву кӯҳи Тоҷикистон нестам!
Марав аз ман, ки бо ту меравад дунёи рангинам,
Марав аз ман, ки бо ту меравад ғамҳои ширинам.
Агар бо ман гули рӯят набошад, хор хоҳам шуд,
Марав аз ман, ки бо ту меравад айёми гулчинам.
Агар аз ман гузаштӣ, бигзарад умрам ба нокомӣ,
Марав аз ман, ки бо ту меравад меҳроби оинам.
Чӣ оромист оромии оби мурдаи соҳил?
Марав аз ман, ки бо ту меравад орому таскинам.
Ту бо ман то ғаме аз ишқ дорӣ, ғам махур аз ишқ,
Марав аз ман, ки бо ту меравад тӯмори зарринам.
Ту, эй дилхоҳи деринам, ту, эй тадбиру тамкинам,
Марав аз ман, ки бо ту меравад табрику таҳсинам.
Ту бо ман то ҷавонастӣ, ҷавонӣ кун, ҷавонӣ кун,
Марав аз ман, ки бо ту меравад ишқи нахустинам.
Бо ҷаҳон андар ситез, аз хештан бегонаам,
Тафтадил ё рафтадил, ё ошиқи девонаам.
Чун ту андар хонаи ман нестӣ ҳамдарди ман,
Бе ту андар хонаи худ чун худо бехонаам.
Дар сари зулфи диловезат дилам овехтаст,
Бозии марг аст дар ин бозии тифлонаам.
Ман ба ҳар як тори мӯят бастаам афсонае,
То сарат ғофил набошад як дам аз афсонаам.
Бо ту рӯзе уқдаи асрори ман хоҳад кушод
Хилқати риндонаам ё наъраи мастонаам…
Сабукборему бори оламе бар дӯш мегардем,
Дар оғӯши ҷаҳон дар ҳасрати оғӯш мегардем.
Агар исён кунем, офоқ метаркад ба рӯи мо,
Даруни сина тӯфонҳову худ хомӯш мегардем.
Надониста басе рашки сару сомони мо доранд,
Даруни дил хазонрез асту худ гулпӯш мегардем.
Гаҳе беҳушу гоҳе бесарупо будаем, аммо
Зи сар то нохуни по чашму гӯшу ҳуш мегардем.
Ба чашми оқилон – оқил,
ба чашми ҷоҳилон – ҷоҳил,
Ба чашми хеш ҳамчун чашмаи пурҷӯш мегардем.
Чунонат ёд меорам, ки раҳгумкарда манзилро,
Чунонат дӯст медорам, ки дарёбурда соҳилро.
Чунонат рағбате дорам, ки хушкистон
ба бороне,
Чунонат рӯзу шаб ҷӯям, ки Сино
ҳалли мушкилро.
Чунон роҳи ту мепоям, ки роҳи бахт мепоянд,
Чунон хайри ту мехоҳам, ки деҳқон
кишту ҳосилро.
Чунон васли ту мехоҳам, ки пире навҷавониро,
Чунонат орзумандам, ки ҳар кас бахти комилро.
Чи талхиҳо чашидам ман зи ҷоми рӯзгори хеш,
Бубинам то ба коми дил туи шириншамоилро.
Диламро бесадо бурдӣ, намедонам куҷо бурдӣ,
Туро пайдо кунам, эй кош,
то пайдо кунам дилро!
Як замон андар дили ман ишқи ту шӯрида буд,
Гӯӣ кӯҳи пайкарам аз зилзила ларзида буд.
Он қадар будам гирифтори ҷамоли равшанат,
К-аз хурӯҷи ишқи ту чашми дилам тарсида буд.
Дар фазои хотири ту шеъри ман парвоз дошт,
Дар фазои умри ман овози ту печида буд.
Ранги ишқам гар кунун коҳид, худ айбам магир,
Дар ҷаҳони ошиқӣ ранги ҷаҳон коҳида буд.
Лек Лоиқ бо ҳама нопойдориҳои ишқ
Як тасалло дошт, к-аз чашмони ту бӯсида буд.
Дар рӯи ҷаҳонему надонем ҷаҳон чист,
Фарзанди замонему надонем замон чист.
То пир нагардем, наҷӯем ҷавонӣ,
То хок нагардем, надонем нишон чист.
То ташна намонем, наҷӯем раҳи об,
То гушна намонем, надонем, ки нон чист…
То боре насӯзем, надонем, ки хомем,
То барг нарезем, надонем хазон чист.
Ношукрии мо бар намаки умр зиёд аст,
То ҷон набарорем, надонем, ки ҷон чист…
Агар тирам ба сар борад,
туро ман дӯст медорам,
Агар чархам биозорад, туро ман дӯст медорам.
Ту яктои манӣ, эй гул, тасаллои манӣ, эй гул,
Агар ҷонам рамақ дорад,
туро ман дӯст медорам.
Туӣ худ орзуи ман, камоли ҷустуҷӯи ман,
Агар ишқам ба марг орад,
туро ман дӯст медорам.
Агар арзи ниёзи ман, ҳама сӯзу гудози ман
Ба гӯши ту намефорад, туро ман дӯст медорам.
Агар гардуни дун як дам набигзорад, ки хуш бошам,
Гузорад ё набигзорад, туро ман дӯст медорам.
Қасам бар холи абрӯят,
қасам бар шуълаи рӯят,
Қасам бар чашми хумморат,
туро ман дӯст медорам.
Бепару болам, вале парвозҳое кардаам,
Бо камоли оҷизӣ эъҷозҳое кардаам.
Гар садои ман зи кӯтоҳӣ ба гардун барнахӯрд,
Сӯи гардун гоҳ-гоҳ овозҳое кардаам.
Паст будам пеши қадраш, лек бо шеъри баланд
Пеши пои ёр пойандозҳое кардаам.
Ёр бо ман шоирӣ омӯхт, худ ғофил аз ин,
Нозҳое кард агар ӯ, розҳое кардаам.
Гар ҷамолаш нест андар зиндагии якнавохт,
Ҳусни ӯро дар сухан пардозҳое кардаам.
Ошиқию шоирӣ ду боли як паррандаанд,
Сӯзҳое кардаам, то созҳое кардаан.
Ишқ ғайри ишқ пур найрангҳо ҳам доштаст,
Дар бағал ҷуз санги дил ҳамсангҳо ҳам доштаст.
Медавидаст аз паи хубону худ бад мешудаст,
Ғайри ному нанг доғи нангҳо ҳам доштаст.
Ранги ошиқ гар бикоҳад, ранги ӯ хуш мешудаст,
Ғайри ранги зарди ошиқ рангҳо ҳам доштаст.
То кунӣ оҳанг, оҳанги мухолиф мезадаст,
Ғайри оҳанги ту боз оҳангҳо ҳам доштаст.
Ошиқ аз ҳар раҳ, ки рафта, нусхае бардошта
Дар ҷабини хештан ожангҳо ҳам доштаст…
Рӯдборонем гар чун мавҷ пайвастем мо,
Ҳушёронем гар дар базми дил мастем мо.
Пеш аз мо будаанду баъди мо бошанд низ,
Лек ҳоло соҳиби кавну макон ҳастем мо.
То фалак озод дар ишқу умеду орзу,
Дар замин чун кӯҳҳои пир побастем мо.
Гар баландем, осмон ҳам мешавад бо мо баланд,
Паст бинмояд замин, ҳар ҷо агар пастем мо.
Фарқ нагзорем агар мобайни ҳам бар ину он,
Дар амал чун панҷ ангуштони як дастем мо.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед