Ғ А З А Л Ҳ О

Гар ба овози дили ман ту ҳамовоз шавӣ,
Гар ба оҳанги вафо замзамапардоз шавӣ,
Дасти ман гириву бар ҷониби оянда равӣ,
Садди чинӣ шиканӣ, соҳири мумтоз шавӣ.
Гузарӣ гар ту зи таннозиву болоназарӣ,
Қадри худ донӣ агар, ёр, сарафроз шавӣ.
Чун гияҳ ишқи ман аз ноз гияҳмол макун,
То маро ҳамқалами номаи эъҷоз шавӣ.
Ғамшарикам шаву бунёди саодат бигузор,
Ин мабодо, ки маро хонабарандоз шавӣ.
Сӯз бо сӯзи ману соз ба сози дили ман,
То ба нируи вафодорӣ ҷаҳонсоз шавӣ.
Лоиқ аз ишқи ту парвард дили чун шаҳбоз,
Бо умеде, ки ту ҳам ҳампари шаҳбоз шавӣ.
3.5.1963

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед